Ҳар як одам дар ин олами бебақою каҷу килеб, илоҷе
ёфта, ҳаёташро бар сар мегузаронад,
дӯстон. Дар ҳаёти ҳар як одам, шоҳ ми вай ё гадо, профессор ми ё мардикор, фарқаш нест,
пешравиҳою пастравиҳо, пастию баландӣ,
омаду ноомади кор ваҳоказо мегузаранд. Одамизод, ба тақдираш тан дода, он ризқу
рӯзии худашу оилаашро меёбад. Фарзандҳояшро калон мекунаду ба воя ҳам
мерасонад. Ин ҳам ҳаёти инсонӣ мебошад, дӯстон.
Сиффати олию қиматбаҳои инсонӣ, яъне равобинӣ, ин ҳам,
чун мисли истеъдод, ба ҳар як одам, аз тарафи Худо, тақдим кунонида намешавад.
Дили одамони равобин, чун монанди косаи калону васеъ мебошад. Ҳатто, сад пиёларо ба даруни як дона косаи калон
ҷойгир кунонидан мумкин мебошад. Ҳастанд мобайни чамъият одамони пулдори
чашмгушнаю нотавонбине, ки аз онҳо ситораи дур ҳам наздиктар мебошад. Одами
равобин, одатан, бой буданаш ҳам шарт нест. Ӯ аз будагиаш шод буда, ба мӯҳтоҷон
дасту дилашро доимо мекушояд. Ин сиффатро назарбаландӣ ҳам меноманд!
Дар урфият мегӯянд, ки камбағали назарбаланд сад беҳ аз
одами пулдоштаи чамгушнаю гадомиҷоз аст! Бешубҳа, дӯстию хешигарию рафоқатию
равобинию дигар сиффатҳои бебаҳои инсонӣ, ин ҳам шохаҳои бешумори як дарахти
инсонгарӣ мебошанд. Беҳуда намегӯянд, ки инсонгариро фақат аз инсон металабанд.
Ноинсон, ҳатто, аз кӯчаи он сиффатҳои олиқадри инсонӣ нагузаштааст, хонандагони
азиз. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки дасту дилкушоию равобинӣ, ин ҳам фақат 2 –
3 шекел ёрдампулӣ ба каси бечора додан мебошад. Онҳо, ҳатто, фикр накарда, ба
ҷамъияти одамон такрор карда мегарданд, ки 10 фоиз даромади моҳонаашонро ба
халқ тақсим карда диҳанд. Ин гап на он
қадар дуруст мебошад, дӯстон. Ҳар кас ҳам, мувофиқи хоҳишу тавоноиаш, бояд
диҳад.
Аҳамият диҳетон, ки худи он одамоне, ки дар бораи он
ёрдапулию равобинӣ, нисбат ба омма гуфта мегарданд, дар юшвоҳои ҷамоатамон
омада, худашон ҳеҷ вақте аз кисаашон як тин ҳам намебароранд. Ба мурдахона
рафта, ҳатто, ба соҳибони заврдидаи он юшво, баробари ҳама, ёрдампулӣ ҳам
намедиҳанд. Яке аз он гуна одамон, боре дар канесо, ба пеши ҳама, ба ҳамсояаш
муроҷиат карда, бо овози баланд мегӯяд:” Пинхос, пулам нест гуфта будӣ! Ман, ин
50 шекелро аз ман гиру харид кун!” Бо ин кирдораш ӯ равобинӣ накарда, баракс,
хуни рӯи он мӯҳтоҷеро резонид, дӯстон! Равобиниро ин гуна намекунанд. Айб аст!
Ишқилиб, ҳарки ҳам, аз рӯи тавонишаш: молиявӣ ми ё
руҳонӣ, маслиҳати нек додан ми ё беминнат табобат намудан, дар газетаҳои
ҷамоатӣ дар муддати солҳои дароз беминнат мақолаҳоро навишта баровардан ми
ваҳоказо, дасту дилашро мекушояд. Пеш, дар шаҳри Душанбе, ансамбли
мусиқавиамоне, ки дар тӯйхонаҳо хизмат мекард, аз ҳар як тӯй, барои яҳудиёни
бухороии мӯҳтоҷони шаҳри Душанбе, ёрдампулӣ ҷамъ мекард. Бешубҳа, ман гоҳе дар
шабу рӯзҳои шабботу иду муъэдҳоямон (миннат нашавад), барахо мехарам, дар
тамоми хонаҳои овелнокон: хешу табор ми ё ҳамсоя, ёру дӯст ми ё шинос, фарқаш
нест, даромадаю иштирок намуда, аз тахти дилу ҷонам ёрдампулӣ тақдим менамоям,
дӯстон.
Бояд гуфт, ки равобинию дасту дилкушоӣ на фақат молиявӣ
мебошад. Масалан, қариб 27 сол ман дар тамоми газетаҳои дӯстдоштаи ҷамоатамон
мақолаҳои бешуморамро бе миннату бепул, бо ишқу муҳаббату равобинӣ, навишта
мебарорам. Ҳазорҳо маротиба ҳамаамон мушоҳида намудем, ки намояндагони ҷамоати
ба ҷону дил баробарамон, аз новойхонаҳою чойхонаҳою канесоҳою ресторанҳо он
газетаҳоро давида-давида рафта мегиранд, то ин ки он мақолаҳоямро бо кайфу сафо
бихонанд. Магар ин кирдорҳоям ҳам равобинии руҳонӣ нест? Илоҳо, Худо он
кирдорҳои некамонро ба инобат гирифта, ба ҳамаамон соғу саломатӣ, умри дарозу
ризқи фаровон лоиқ бинад! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев,
Ҳодими хизматнишондодаи санъату маданияту адабиёти Исроэл,
Лауреати Мукофот ба номи Исҳоқ Мавашев