Семья. Психология отношений

Ҳусни асосии инсон адаб аст!

Моён гоҳе дар бораи сиффатҳои беҳтарини инсон сухан меронем. Бояд гуфт, ки яке аз сиффатҳои асосию решавии инсони олиқадр, ин ҳам адаб мебошад. Шахси боадаб ҳамеша аз ҳислати ҳамида, мисли фазлу дониш, зақоват ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боабдаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онҳо ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.

Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин, ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфт:

«Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад!»

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст: Луқмони ҳакимро пурсиданд: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз беадабон! Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд буд, парҳез кардам!»

Аз ин андешаиорифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро, чун устоди сахтгир, таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеъ моро водор месозад, ки андеша ва нигоҳи худро, нисбати мароми зиндагӣ, дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотробо тарозуи адаб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад! Мисли оне ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳоле, ҳикмати Худораҳматӣ Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

«Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад»

Одоб дар назди аҳли адаб худ бахту саодат, давлати ноёб, эътибору тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони «Ҷомӣ барҳақ гуфтаст:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст!

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст!»

Сад афсӯс, ки на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон рӯз то рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад, дӯстон. Ғайр аз ин, дар вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одобӣ хамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест! Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияти одобу ахлоқи хамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолотк пешрафт бештар мегардад. Барои ин бояду шояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмон Ҷомӣ матлаи моро равшан мекунад:

«Боядат аввал адаб андӯхтан,

Пас дигар касро адаб омӯхтан!

Аз гузашта бояд ибрат гирифт:

Ҳар кӣ номӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!»

Ҳақиқатан ҳам, гузашти рӯзгор ибратест фардоро, дӯстон! Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд ё андӯхгин мегардонад. Ба першравӣ ноил мегардонад, ё баракс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он дарс ба ягон мактабу ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар йди инсон комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамаамон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсон намояд.

«Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст,

В-арна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро»

На ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, доғу дардро, зиндагии пуршару шӯри пур аз шодиву андӯҳи абадро фарқ созад? Фарди соҳибақлу идроке, ки аз ҳар лаҳзаи умри муборак бо ҳама зӯру тавон ва дилу ҷонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду ҳақиқат, то наёбад заррае рӯзе завол, то нагардад пеши ҳар як бар ӯ боле,  то ки бошад дӯстори миллии модару падар! Брои ҳамин ҳам, моён бояд аз дирӯзу имрӯзаи ҳаёт ибрат гирем.

«Ғофил машав, з-умр, ки чун киштӣ дар об,

Истода менамояду чун тир меравад!»

Наврасон боят гоҳе аз калонсолон ва касони оқил ибрат бигиранд, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рӯзгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт саросар пур аз ноҷуриҳост. А.Рӯдакӣ мегӯяд:

«Бирав зи таҷрибаи рӯзгор бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!»

Чун аз гуфтаҳои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону оқилони ҳар давру замон низ аз гузашта чизе омӯхтаанд ва бевосита саҳве накарданд, ки имрӯз мо аз онҳо ибрат мегирем. Хулоса, таҷрибаи рӯзгор пайваста аз бехирадон соҳибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромӯз ва аз нокасон инсони комил месозад. Ҳар як инсон ба худаш дӯст ё ин ки душман шуда метавонад. Ӯ, ки худ меъмори ҳаёти хеш аст, аз ҳар як хубу зишти ҳаёт ибрате падид меорад.

«Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард!»

Ба тамоми аъзоёни ҷамоати ба ҷону дил баробари яҳудиёни бухороии тамоми олам солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровонро орзу намуда, хоҳише дорам, ки насли наврасамонро ба роҳи инсонгарию меҳмоннавозӣ, хушрафторию хушгуфторӣ, некукориҳою равобинӣ ва ҳам, бешубҳа, роҳи адаб ба воя расонем. Омен ва омен!

 

 

Рафоэл Бангиев,

аъзои Иттифоқи нависандагони Исроэл,

Аълочии санъати Исроэл

 

Пояснение:

Эта статья о правильном воспитании подрастающего поколения в общине. О необходимости прививать с детства чувства уважения к отцу и матери, к учителям и к родине. Основа нашего воспитания – это дисциплинированность во всём.

Другие статьи